Ахири ҳафтаи гузашта дар километри 20-уми роҳи мошингарди Ленинск-Кузнетск-Новокузнетски вилояти Кемерови Русия садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он сокини 38-солаи ноҳияи Ҳисор, шаҳрванди Тоҷикистон Нурулло Ҳайдаров ба ҳалокат расид.
Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, фавтида дар вилояти Кемерово муваққатан ба сифати ронандаи воситаҳои нақлиёти бузургҳаҷм кор мекардааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бобати саривақт ба ватан интиқол додани ҷасади Нурулло Ҳайдаров тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
«Ҳамчунин аввали моҳи август бо мусоидати намояндагӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ Абдусаттор Каримови 54-сола низ ба ватан интиқол дода шуд. Ӯ муддати мадиде бо бемории вазнин дар муассисаи тиббии шахри Кемерово бистарӣ буд», – гуфт манбаъ.