Муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Яҳудиёни Русия (Еврейская автономная область) кору зиндагӣ ихтиёр мекунанд. Ба ин минтақа онҳо тавассути барномаи давлатии муҳоҷират омадаанд, – иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА ЕАОmedia бо истинод ба маълумоти хадамоти муҳоҷирати ин вилоят.
Чанде қабл кормандони хадамоти муҳоҷирати пойтахти ин вилоят – шаҳри Биробидҷон бо вазъи зиндагии муҳоҷироне, ки тибқи барномаи зикршуда аз Тоҷикистон омадаанду дар ноҳияи Ленин зиндагӣ мекунанд, шинос шуданд.
Оилаи Раҳматуллоевҳо дар ҳайати панҷ нафар ин ҷо омадаанд. Саробони оила бо ихтисоси худ – омӯзгори забони англисӣ дар мактаб ба кор қабул шуд. Ҳамсари ӯ аз рӯи ихтисос табиби кӯдакон буда, пас аз машғулиятҳо дар курсҳои такмили ихтисос ва соҳиби гувоҳнома гардидан ба кор қабул хоҳад шуд. Мактаб онҳоро бо манзили дуҳуҷрагии барҳаво ва дорои тамоми шароит таъмин намуд.
Табиби тоҷик Шамсиддин Холназаров низ итбқи барномаи муҳоҷират ба ин ноҳия омадааст. Ӯ санҷиши дубораи сатҳи касбӣ дар Маскавро муваффақона гузашта, пеш аз муҳлат курсҳои такмили ихтисос дар Хабаровскро хатм ва ба гувоҳномаи табиби муолиҷаи умумӣ соҳиб шуд. Ояндаи наздик ӯ дар деҳаи Биҷани ноҳияи Ленин бо кор таъмин мегардад.
Бино ба маъллумоти хабаргузории РИА ЕАОmedia, вилояти зикршуда ба муҳоҷирони дорои маълумотҳои касбҳои омӯзгорӣ ва табибӣ бештар эҳтиёҷ дорад. Ин гуна мутахассисон бо манзилҳои хидматӣ таъмин карда мешаванд.