Дар канори шаҳри Душанбе дирӯз як ҳодисаи фоҷеабори садамаи нақлиёт рух дод.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, скоини 27-солаи шаҳри Душанбе Абдуманнон Нуров ҳангоми ҳаракат бо автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21015» дар яке аз кӯчаҳои шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106» таҳти идораи Фатҳулло Файзуллоеви 35-сола бармехӯрад.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин бархӯрд автомашинаи таҳти идораи А.Нуров ба канори роҳи пиёдагард берун баромада, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе Вера Василенко ва писари 10-солаи ӯ Темурро пахш мекунад.
Зикр гардид, ки аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта модару кӯдак дар шифохона ба ҳалокат расидаанд.