spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Оғози баррасии шикоят оид ба ҳукми парвандаи «53 нафар истаравшаниҳо»


Дар Тоҷикистон баррасии шикояти кассатсионӣ оид ба ҳукми парвандаи ҷиноие, ки дар ВАО бештар ҳамчун «парвандаи 53 нафар истаравшаниҳо» маъруф аст, оғоз гардид.

Ин ҷо сухан сари қазияи амали террористӣ дар вилояти Суғд соли 2010 ва айбдории беш аз 50 нафар ба узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон меравад, ки аксарашон сокинони ноҳияи Истаравшан мебошанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олӣ хабар доданд, марҳилаи аввали баррасии шикоят дар тавқифгоҳи тафтишотии 9/1-и шаҳри Душанбе доир гардида, дар он ҳайати мушовараи судӣ шикоят нисбат ба ҳукми панҷ нафар сокинони вилояти Суғд – Фирдавс Каримов, Соҳибҷон Собитов, Исматулло Бобоев, Зафар Каримов ва Акмал Ҳошимовро, ки ба ҳуки ҳабси абад маҳкум шудаанд, баррасӣ кард.

Ба қавлиАбдураҳмон Шарифов, адвокати яке аз маҳкумшудагон, дар толори ҷаласаи судӣ барои онҳо шароити номусоиди кор муҳайё шудааст, зеро маҳкумшудагон дур аз онҳо, паҳлӯи прокурор қарор дода шуда, барои муошират бо зерҳимояҳо мушкилот эҷод кардаанд.

Адвокати дигар Сергей Романов изҳор кард, ки дар оғози ҷаласаи судӣ дархости онҳо роҷеъ ба кушодани завлонаҳо аз дастони маҳкумшудагон қонеъ гардида, вале дархости сабти аудиоии ҷараёни ҷаласаи судӣ рад карда шудааст.

Марҳилаи дуюми кори ҳайати мушовараи судӣ имрӯз дар бинои тавқифгоҳи №2-и шаҳри Хуҷанд оид ба баррасии шикояти 44 нафар маҳкумшудагон, ки бо ҳалномаи суди зинаи аввал ба муҳлати аз 8 то 30 сол равонаи зиндон шудаанд, идома меёбад.

Суд дархостҳои дигари адвокатҳо, аз ҷумла иштироки 5 нафари ба ҳабси абад маҳкумшуда дар суди зинаи кассатсионии вилояти Суғд ҳамроҳ бо маҳкумшудагони дигарро, ки онҳо ба он ҳуқуқ доранд, баррасӣ накард. Дархости дигар, ки ба масъалаи қабл аз ҳукми қонунӣ гирифтани қарори суд дар ҳуҷраҳои барои ҳабси абад пешбинишуда нигоҳ доштани маҳкумшудагон дахл дошт, низ рад карда шуд. Адвокатҳо тақозо доштанд, ки то қабули қарори суди зинаи кассатсионӣ маҳкумшудагон бояд дар ҳуҷраҳои муқаррарии маҳбас нигоҳ дошта шаванд.

Ҳукм оид ба парвандаи «53 нафар истаравшаниҳо» моҳи декабри соли гузашта содир гардида буд. Дар курсии айбдорӣ 53 нафар менишастанд, ки аслан окинони ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Ситамен ва шаҳри Хуҷанд мебошанд.  

Гумонбаршудагон дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 179, қ. 3 (Терроризм), 187, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ), 306 (Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 340, қ. 2 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо), 195, қ. 3 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 196, қ. 3 (Ғайриқонунӣ сохтани яроқ), 104, қ. 2 (Одамкушӣ), 32 қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят), 36. қ. 5 (Шарикӣ дар содир намудани ҷиноят), 314, қ. 1 (Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 347, қ. 1 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) ва 335, қ. 2 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз  сарҳади давлатӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешуданд.

Аз ин шумор 10-12 нафар дар содир намудани амали террористӣ ва боқимонда дар узвият ба Ҳаракати исломии Ӯзбекистон гумонбар дониста мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки 3-юми сентябри соли 2010 тақрибан соатҳои 8:15 дақиқаи субҳ ба саҳни бинои шӯъби минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД дар вилояти Суғд як автомашинае ворид гардида, мавриди инфиҷор қарор гирифт. Бар асари таркиши автомашина худи террорист ва се корманди шӯъба ба ҳалокат расида, 26 нафар кормандони милиса ва панҷ тан аз аҳолии осоишта ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Он замон мақомоти прокуратураи вилояти Суғд  аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 179, қ. 3-и КҶ ҶТ (Терроризм) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, онро ҷиҳати баррасии минбаъда ба шӯъбаи тафтишоти Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Суғд ирсол карда буд. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...