spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар қаламрави вилояти Маскав 90 ҳазор тоҷикон қонунӣ фаъолият доранд


Зимни вохӯрии намояндагони КВД «Тоҷикхориҷакор» бо мақомоти раҳбарии Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Маскав зикр гардид, ки айни замон дар қаламрави вилояти Маскав ҳудуди 90 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қонунӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки беш аз 100 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин вилоят кору зиндагиро ихтиёр намудаанд, ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ва дигар асноди зарурии будубош надоранд.

Дар ҳамин ҳол, иброз доштаанд иштирокчиёни вохӯрӣ, беш аз 50%-и қонуншиканиҳо маҳз ба риоя накардани реҷаи будубош дар қаламрави Русия рост меоянд.

Мутобиқи маълумоти Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Маскав, дар ин вилоят феълан 47 нуқтаи қабули ҳуҷҷатҳо барои анҷоми расмиёти додани патент амал карда, патент дар муддати 10 рӯзи корӣ омода ва супурда мешавад.

Ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти мазкур Алексей Сичёв, нисбат ба соли гузашта соли равон аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик дастрас кардани асноди иҷозат барои кор ва зиндагӣ ба маротиб бештар гардидааст.

«Агар дар соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 34 ҳазору 750 иҷозатнома барои кор ва 44 ҳазору 842 патент гирифта бошанд, пас дар зарфи 7 моҳи соли равон онҳо аллакай 21 ҳазору 906 иҷозатнома барои кор ва 39 ҳазору 484 патент дастрас намуданд», – гуфт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли равон дафтари асосии кории КВД «Тоҷикхориҷакор» нахуст дар шаҳри Маскав ва сипас филиали он дар шаҳри Санкт-Петербург ба фаъолият шурӯъ карданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...