Дар Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни химия дар шаҳри Вашингтон миёни толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дастпарвари литсей-интернати муштараки тоҷикию туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе Улуғбек Баротов ба гирифтани медали тило ноил гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори муассисаи таълимии мазкур Юсуф Балкаш хабар дод, тӯли 20-соли истиқлолияти ҷумҳурӣ ин ягона ва нахустин медали тилоест, ки толибилмони тоҷик дар олимпиадаҳои чунин сатҳи байнулмилалӣ ба даст овардаанд.
«Дар олимпиада чор нафар толибилмони литсей-интернат ширкат варзида, Улуғбек Баротов ба гирифтани ҷойи 1-ум, Маъруф Болтабоев ва Ҳомидхоҷа Холиқов ба гирифтани ҷойи сеюм муваффақ гардиданд», – гуфт вай.
Дар олимпиада аз 78-мамлакати дунё, аз ҷумла Русия, Амрико, Чин, Олмон, Фаронса, Кореяи ҷанубӣ ва Эрону Ҳиндустон, инчунин як қатор кишварҳои дигар 283-хонанда иштирок доштанд.
«Чунин комёбӣ ба зудиву осонӣ ба даст намеояд. Мо бо толибилмонамон муддати тамоми сол ба ин гуна олимпиадаҳо омодагӣ мегирем. Ҳарчанд давраи таътил бошад ҳам, айни замон дар литсей 20 нафар хонандагон ба олимпиадаҳои соли оянда тайёрӣ мебинанд. Ба ин олимпиада мо Улуғбекро дар тӯли чор сол омода намудем», – зикр кард Ю.Балкаш.
Қобили зикр аст, ки моҳи феврал Улуғбек Баротов дар Олимпиадаи байнулмилалии Менделеев дар Қазоқистон низ бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон ба гирифтани медали тило сазовор гардида буд. Дар ин олимпиада намояндагони 18 кишвари ҷаҳон аз ИДМ, Балтика ва Аврупо ширкат варзида буданд.