Дар Кӯлоб сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро интизорӣ доранд. Сафари кории ӯ ба ин минтақа аз 10 то 17-уми август пешбинӣ шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар остонаи сафари сарвари давлат ба Кӯлоб сохтмони 7 иншооти таъиноти гуногун ба итмом расида, онҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
«Интизорӣ меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои ба истифода додани бинои 2-ошёнаи шифохонаи ВКД, коргоҳи дӯзандагии Ҷамъияти саҳҳомии «Пойафзоли Кӯлоб», бинои кӯдакистони сеюм дар шаҳр ва комбинати истеҳсоли орд иштирок хоҳад кард», – гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин боздиди сарвари давлат аз макони сохтмони Кохи варзиш барои 1500 ҷойи нишаст ва майдони назди мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пас аз таҷдиду таъмир дар назар аст.