Дар муддати 10 рӯзи пас аз муроҷиати раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба тоҷикистониён ҷиҳати кӯмак ба сокинони осебдидаи шаҳри Хоруғ 40 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки дар конфронси матбуотӣ рӯзи 30-юми июл Муҳиддин Кабирӣ аз ҷонибдорони ҳизб ва тамоми сокинони ҷумҳурӣ даъват карда буд, ки ҳадди ақал маблағи якрӯза ифтори худро барои мардуми Бадахшон ҷамъоварӣ намоянд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҲНИТ хабар доданд, дар ҷамъоварии ин маблағ шӯъбаҳои ҳизб, шахсиятҳо, муҳоҷирин, донишҷуён ва шахсиятҳои алоҳида саҳм гузоштаанд. «Масъулияти расонидани кӯмаки башардӯстона ба сокинони Бадахшон ба дӯши Комил Арешов, раҳбари ташкилоти мустақили хайриявии «Дасти ёрӣ» вогузор шуд», – гуфтанд дар ситоди ҲНИТ.
Ба иттилои манбаъ, ҷамъоварии кӯмак ба мардуми Бадахшон то шаби қадр, яъне рӯзи 27-уми моҳи Рамазон идома ёфта, ин маблағи ҷамъшуда низ ба Бадахшон ирсол хоҳад шуд.