Рӯзи чоршанбе ҳайати Вазорати мудофиаи Русия таҳти сарварии муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Антонов бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ гуфтушунид анҷом дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, гуфтушунидҳо пушти дарҳои пӯшида сурат гирифта, дастрас кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои он муяссар нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар робита ба ин масъала изҳор карда буд, ки гуфтушунидҳо перомуни ин масъала ба таври маъмулӣ ҷараён доранд. Ӯ аз аз ифшои маблағи иҷора, ки Тоҷикистон барои ҳузури пойгоҳи низомӣ талаб дорад, худдорӣ варзида буд.
«Ман танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки барои ифшои маълумоти муҳими давлатӣ дар қонунгузории мо масъулият пешбинӣ шудааст», – гуфта буд ӯ.
Дар идома Ҳамрохон Зарифӣ иттилои як қатор расонаҳои хабарӣ дар мавриди гуфтушуниди Тоҷикистон бо ИМА дар масъалаи ифтитоҳи пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистонро рад намуда, иброз дошта буд, ки «дар ин хусус мо бо ИМА ҳеҷ гуфтушуниде надорем».