Бо фармони президенти Чехия Ватслав Каук, Гинэк Пэйх сафири нави Ҷумҳурии Чехия дар Тоҷикистон таъин карда шуд.
Бино ба маълумоти сафоратхонаи Чехия дар Ӯзбекистон, сафири нави Чехия дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар шаҳри Тошканд) ҳамчунин ба сифати сафири Чехия дар Ӯзбекистону Туркманистон низ ифои вазифа хоҳад намуд.
Гинэк Пэйха дипломати касбӣ буда, айни замон ҷиҳати фаъолият дар минтақаи Осиёи Марказӣ омодагӣ мегирад.
Собиқ сафири Чехия дар кишварҳои зикршуда Роберт Копетский моҳи октябри соли 2011 фаъолияти дипломатӣ дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба анҷом расонида буд.