Дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон сохтмони корхонаи коркарди нафт бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, моҳи июни соли равон ҳукумати кишвар дар ин хусус қарори дахлдор қабул намуда, айни замон корҳои омодагӣ барои оғози сохтмони корхона ҷараён доранд.
Дар Вазорати энергетика ва саноат зикр карданд, ки бо чанде аз кишварҳо доир ба таъмини корхонаи оянда бо нафти хом мувофиқа ҳосил шудааст.
Дар ҳамин ҳол, интизорӣ меравад, ки моҳи сентябри соли равон дар ноҳияи Шаҳринав корхонаи коркарди маҳсудоти нафтӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна дар як сол мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Минбаъд афзудани иқтидори ин корхона то коркарди 100 ҳазор тонна нафти хом дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, айни замон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ сохтмони корхонаи коркарди нафт бо иқтидори 50 ҳазор тонна дар як сол идома дорад. Ин корхона дар Конибодом ба истифода дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки айни замон талаботи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ дар як сол беш аз 800 ҳазор тоннаро ташкил дода, ҳаҷми зиёди он аз Русия ворид карда мешавад.