Имрӯз мақомоти шаҳрдории Душанбе фаъолияти бозори «Роҳи оҳан»-и воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро муваққатан манъ кард. Бинобар сабаби дар ин бозор риоя накардани меъёрҳои қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» мақомоти шаҳрдорӣ ба чунин хулоса расидааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, қонуни дар боло зикршудаи раиси пойтахт дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин рӯ, иҷрои он ҳатмист. «Аммо фурӯшандагони бозори «Роҳи оҳан» нисбат ба нархҳои муқарраршуда аз ҷониби мақомот, арзиши маҳсулоташонро боло бардоштаанд», – гуфт ӯ.
Ш.Саидов мегӯяд, аз ҷониби Агентии захираҳои моддии назди ҳукумати ҶТ, ширкатҳои ватанӣ ва соҳибкорони хусусӣ рӯзи чоршанбе ба бозорҳои пойтахт 245,5 тонна орд, аз ҷумла 214,1 тонна орди навъи якум ва 31,4 тонна орди навъи дуюм ба фурӯш бароварда шудааст, ки тибқи ҳисоби коршиносон, комилан талаботи аҳолии пойтахтро қонеъ месозад. «Иттилои чанде аз ВАО дар хусуси камбуди орд дар бозорҳои пойтахт асоси воқеӣ надоранд», – таъкид кард номбурда.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори раиси пойтахт, ба тоҷирон тавсия дода шудааст, ки дар моҳи Рамазон як кг гӯшти говро 29, гӯшти говмешро 19, гӯшти гӯсфандро 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистонро то 110, 1 л. равғани растаниро то 8, як кг биринҷи ватаниро то 7, як кг шакарро то 5, 1 л. ширро то 3, як кг картошкаро то 2, як кг сабзиро то 2,2, як кг пиёзро то 1,1 ва 1 дона тухмро то 0,6 сомонӣ ба фурӯш бароранд.
Бо дархости мақомоти шаҳрдорӣ назорати иҷрои қарори мазкурро созмону ташкилотҳои ҷамъиятиву динӣ, комиссияи Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ва як қатор мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба дӯш гирифтанд.