Пит Тейлор, падари боксчидухтари Ирландия ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Кэти Тейлор, ки чанде қабл дар қувваозмоии ниманиҳоӣ бар варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориева дастболо шуд, ба журналистон изҳор кардааст, ки ҳарифи духтари ӯ «дарвоқеъ ҳам хатарнок» буд.
Пит Тейлор зикр кардааст, ки Мавзуна «хеле серҳаракату чолок» буд. Расонаҳои хабарии хориҷӣ иттилоъ медиҳанд, ки ӯ аз қувваозмоии Мавзуна Чориева бо варзишгари Чин Ченг Донг дар тааҷҷуб афтодааст.
«Дар Олимпиада тактикаи Мавзуна нисбат ба Чемпионати ҷаҳон дар Пекин дигаргун шуда, ӯ тактикаи навро азхуд намудааст. Шумо худ шоҳид будед, ки ҳарчанд қаду қомати Ченг Донг аз ӯ хеле баландтар бошад ҳам, ӯ чӣ гуна хуб ҳунарнамоӣ карда, бо ҳисоби 13 бар 9 ғолиб омад», – гуфтааст Пит Тейлор.
Дар даври ниманиҳоии мусобиқоти бокс дар Олимпиадаи Лондон варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориеваи 19-сола аз намояндаи Ирландия, қаҳрамони феълии ҷаҳон оид ба бокси занона Кэти Тейлор бо ҳисоби 17 бар 9 шикаст хӯрд.
Ёдрас мекунем, ки дар қувваозмоии қаблии чаҳорякниҳойӣ Мавзуна Чориева бар намояндаи Чин Ченг Донг дастболо гардида, барои худ ҳадди ақал медалҳои биринҷии Олимпиадаро таъмин намуд.
Айни замон Мавзуна Чориева ягона варзишгари дастаи олимпии Тоҷикистон аст, ки ба Тоҷикистон медали олимпӣ ба даст овард. Қувваозмоиҳои боз шаш нафар варзишгарони дастаи олмипии Тоҷикистон – Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов (таэквондо), Николай Ноев, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва ҳамчунин Искандар Рустамов (ҳама гӯштини тарзи озод) дар пеш аст.