Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) интихоби донишҷӯён барои таҳсил дар Донишгоҳи Теҳронро эълом медорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ДМТ хабар доданд, донишгоҳ дар ҳамдастӣ бо Вазорати маорифи ҷумҳурӣ як комиссия таъсис дода, ният доранд, ки тавассути озмун довталабон барои таҳсил дар баклавриатура, магистратура ва докторантураи донишгоҳи мазкурро интихоб намоянд. Комиссия 65 нафар донишҷӯёнро интихоб мекунад, ки онҳо ба таври ройгон таҳсил хоҳанд кард.
Соли равон макотиби олии Эрон 250 нафар донишҷӯёни тоҷикро ба таҳсил қабул мекунанд. Дар навбати худ, Тоҷикистон барои таҳсили донишҷӯёни Эрон дар макотиби олии кишвар 250 квота ҷудо намудааст.