Шоми рӯзи 12-уми август Толиб Айёмбеков тариқи телевизиони вилоятӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки «ману бародаронам ба хотири оромӣ дар вилоят ва қоимии сулҳу салоҳ дар саросари ҷумҳурӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим мешавем». Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти хабаргузории мазкур, ӯ, дигаронро низ даъват кардааст, ки силоҳҳои ғайриқонуниро ба замин гузоранд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ, рӯзи якшанбе миёни нерӯҳои ҳукумат ва Толиб Айёмбеков гуфтушунид сурат гирифтааст. Гуфтушунид пушти дарҳои пӯшида доир гардида, дар бораи ҷузъитёи он маълумот дода нашудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 10-уми август, ду тан аз гумонбаршудагон дар қатли генерал Назаров ба мақомот таслим шудаанд. ВКД Тоҷикистон бо мақсади халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот аз ифшои номи онҳо худдорӣ варзида буд.
Аммо радиои «Озодӣ» бо такя ба маълумоти як корманди баландпояи Раёсати ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки ин ду нафари таслимшуда бародари Толиб Айёмбеков – Оқил Айёмбеков ва ронандаи ӯ Ҳамзаи Гулназар мебошанд.
Намояндаи Раёсати корҳои дохилии ВМКБ ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, дар ҷараёни гуфтушунид бо роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи ВМКБ бо миёнаравии Гурӯҳи-20 дар бораи ба ҳукуматдорон супурдани айбдоршавандагон мувофиқа ҳосил шудаааст.