Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар ҳамдастӣ бо ҳуқуқшиносони маркази «Муҳоҷират ва қонун» бори навбатӣ аз болои бекор кардани қарори суд дар бораи аз қаламрави Русия хориҷ кардани шаҳрванди Тоҷикистон шикоят бурданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ахири моҳи июн суди шаҳри Митишии вилояти Маскав бобати ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб кардани шаҳрванди Тоҷикистон Рӯзимурод Кучови 26-сола қарор қабул кард.
Мутобиқи қарори зинаи аввали судӣ, Р.Кучов дар ҳаҷми 2 ҳазор рубли русӣ ҷаримабандӣ ба фоидаи давлат ва истирдод аз қаламрави Русия маҳкум гардид.
« Суди шаҳри Красногорски вилояти Маскав шикояти кассатсионии Р.Кучовро баррасӣ намуда, истеҳсолоти парвандаи маъмурӣ нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистонро бинобар сабаби мавҷуд набудани аломат ва ҳолатҳои қонуншикании маъмурӣ қатъ кард», – гуфт манбаъ.