Сомонаи интернетии президенти Тоҷикистон бо суроғаи «president.tj», ки аз соли 2005 ба ин сӯ фаъол аст, дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонӣ пешкаш шуд
.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуотии сарвари давлат, сомонаи нави «president.tj» бо ҷалби беҳтарин барномасозони ватанӣ таҳия шуда, аз шакли пешинаи худ бо тарҳу намои зебою замонавӣ, навтарин барномаҳои сомонасозӣ, имкони ҷустуҷӯ ва зуд дарёфт кардани маводи зарурӣ бо тариқи автоматӣ ва дигар имконоти муосир фарқ мекунад.
Тамоми мавод бо фаврияти баланд бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар сомона ҷойгир карда мешавад.
Барои осон ва содда намудани дарёфти маводи зарурӣ сомонаи нави интернетии президенти Тоҷикистон ба бахшҳои гуногун, аз ҷумла Хабарҳо, Вохӯриҳо, Суханрониҳо, Сафарҳои дохилӣ, Сафарҳои хориҷӣ, Фармонҳо, Паёмҳо, Барқияҳо, Сӯҳбатҳои телефонӣ, Аксҳо, Истиқлолият, Конститутсия, Савганд, Ваҳдати миллӣ, Паём, Мулоқот бо зиёиён, Наврӯз, Иди модарон, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва ғайра гурӯҳбандӣ шудааст. Ҷустӯҷӯи амру фармонҳои Президент ва қарору фармоишҳои Ҳукумат аз рӯйи сана ё рақам роҳандозӣ мешавад.
Дар муқоиса бо сомонаи пешина дар тарҳи нав гӯшаи «Нома ба президент» ҷой дода шудааст, ки аз бахшҳои муҳими сомонаи нав буда, робитаи бевосита ва мустақими корбарони шабакаи Интернет бо сарвари давлатро таъмин менамояд.