Субҳи рӯзи душанбеи ҳафтаи равон дар маркази хусусии савдои «Ҳоҷиён»-и шаҳри Ваҳдат сӯхтор сар зад. Тибқи маълумоти пешакӣ ҳаҷми хисорот аз сӯхтор ҳудуди 620 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, сӯхтор майдони 360 метри мураббаъро фаро гирифта, 3 мағоза ва 1 бинои қаҳвахона ба коми оташ рафтаанд. Кормандони гурӯҳҳои хадамоти оташнишонӣ дар зарфи ду соат ба хомӯш кардани сӯхтор ноил гардида, дар ҳаҷми 400 ҳазор сомонӣ амволро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ доштанд.
Нисбати ҳодисаи мазкур тафтишот ҷараён дошта, сабабҳои сар задани сӯхтор мавриди таҳқиқ қарор доранд.