Чанде қабл дар шаҳри Ҷиддаи Мамлакати Арабистони Саудӣ нишасти ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ доир гардида зимни суханронӣ дар он вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ мавқеи Тоҷикистон дар робита ба мушкилоти ҷаҳони исломро изҳор кард.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Ҳ.Зарифӣ аз ҷумла зикр кард, ки Тоҷикистон дар мавзӯи ҷавҳарии олами исломӣ мавқеъи Фаластинро комилан дастгирӣ намуда, фоҷеаи мусалмонони Мянмарро қотеъона маҳкум мекунад.
Дар идома вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иброз дошт, ки бӯҳрони Сурия бояд бе дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии ин кишвар аз ҷониби мардуми Сурия ҳалли худро пайдо намояд. Намояндаи баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намуд, ки нақшаи тарҳрезишудаи намояндаи собиқи муншии Созмони Милали Муттаҳид ва Лигаи давлатҳои араб дар масоили Сурия Куфи Анонро нахустқадам барои ҳалли қазияи ин кишвар медонад ва дар ин раванд ҷомеаи ҷаҳониро ба он даъват менамояд, то ҷонибҳои даргири низоъро ба ин иқдом водор намоянд ва кафолати ҳаёти ҳар як шаҳрванди Сурия таъмин карда шавад.
Қобили қайд аст, ки 14 ва 15-уми августи соли ҷорӣ нишасти ғайринавбатии Сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Макка идома меёбад ва дар ин нишаст Президенти Чумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунад.