Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов бо сафири тозатаъини ин кишвар дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот барпо шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни суҳбат ӯ Сюзан Эллиотро бо дидгоҳи роҳбарияти сиёсӣ ва ҳукумати кишвар ҷиҳати пешбурди авлавиятҳои ҳамкории дуҷониба бо ИМА ва дурнамои он, вазъи сиёсӣ-иҷтимоии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои амниятӣ дар минтақа бори дигар ба таври муфассал шинос кард.
Ба иттилои манбаъ, сафир Н. Шамсов зикр намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар оянда низ бо ИМА ба роҳ мондани ҳамкории муассир ва самарабахшро ҷиҳати таъмини бехатарии марзҳои сарҳадӣ бо Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва интиқоли ғайриқонунии маводди мухаддир, таҳкими минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаи илм, маориф ва фарҳанг, идомаи муколамаи созанда ҷиҳати таъмини ҳуқуқи инсон ва ғайра ҳамчун масъалаҳои калидӣ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор хоҳад дод.