spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳадди ақали музди меҳнат дар Тоҷикистон 2,5 баробар меафзояд


Санаи 13-уми август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, андозаи нафақа ва стипендия»-ро ба имзо расонид.

Тавре дар тавзеҳот ба фармони мазкур зикр мегардад, тибқи банди 1-уми Фармон, аз 1 сентябри соли 2012 андозаи ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 2,5 баробар зиёд карда шуда, андозаи он 200 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Ин маънои онро дорад, ки дар ҳамаи корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати моҳонаи кормандон набояд аз 200 сомонӣ кам бошад. Ҳоло ин, нишондиҳанда 80 сомониро ташкил мекунад.

Дар асоси ин фармон, маоши вазифавии кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, аз ҷумла муаллимони мактабҳои таҳсилотии умумии аз синфи 1 то 11, литсейҳо, гимназияҳо, ҳамаи мактаб интернатҳо, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона, инчунин кормандони хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ба андозаи 60 фоиз зиёд карда мешаванд.

Яъне, имрӯз агар маоши вазифавии муаллими тахассуси дараҷаи олӣ ба ҳисоби миёна 312 сомониро ташкил диҳад, пас аз 1 сентябри соли ҷорӣ он ба 500 сомонӣ баробар мегардад. Маоши вазифавии корманди маъмурии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон бошад, аз 520 сомонӣ ба 830 сомонӣ расонида мешавад.

Дар баробари ин, ба муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки сарбории роҳбари синфиро ба ӯҳда доранд ва инчунин тафтиши дафтарро мегузаронанд, ба маоши вазифавии онҳо мутаносибан ба андозаи 20 ва 15 фоиз иловапулиҳо пардохт карда мешавад.

Маоши вазифавии кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шуда, маоши вазифавии Сарходими илмии Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ба ҳисоби миёна аз 700 сомонӣ ба 920 сомонӣ баробар мегарданд. Инчунин дар ҳолати доштани унвони илмӣ ба онҳо иловапулӣ ба андозаи 30 фоиз аз маоши вазифавӣ пардохт карда мешавад.

Маоши вазифавии дигар муассисаҳои соҳаи маориф – мактабҳои варзишӣ, омӯзишгоҳҳои касби техникӣ, коллеҷҳо, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар марказҳо, инчунин дигар муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ – осоишгоҳҳо ва шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешаванд.

Маоши вазифавии кормандони соҳаи фарҳанг аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, клубҳо, театрҳо, матбуоти даврӣ ва нашрияҳо ба андозаи 50 фоиз зиёд карда мешаванд. Масалан, агар имрӯз маоши вазифавии мудири китохона 290 сомонӣ баробар бошад, пас аз 1 сентябри соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна он 440 сомониро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуда, он аз рӯи Дастурамал оиди пардохти музди меҳнати соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи мазкур 157 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ҳоло ин нишондиҳанда ба 112 сомонӣ баробар аст.

Агар маоши вазифавии сартабибон бо назардошти иловапулиҳо ба ҳисоби миёна дар беморхонаҳо 640 сомонӣ ва дар дармонгоҳҳо 780 сомониро ташкил диҳанд, аз 1 сентябри соли ҷорӣ он мутаносибан ба 890 сомонӣ ва 1090 сомонӣ баробар мегардад. Илова ба ин, ба табибон ва дигар кормандони тибб аз рӯи имконияти хизматрасониҳои пулакии муассисаҳои тиббӣ, маоши иловагӣ пардохт карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки тадбирҳои Фармони мазкур ба музди меҳнати кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илме, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст ва аз он зиёд мебошад, тадбиқ намегардад ва музди меҳнати ин категорияи кормандон, ҳангоми зиёд гардидани музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ дида баромада мешавад.

Ҳамаи намудҳои стипендияҳои давлатии донишҷӯёну аспирантон ба андозаи 50 фоиз зиёд карда шуда, стипендияи Президентии донишҷуён аз 350 сомонӣ ба 525 сомонӣ ва аспирантони муассисаҳои олӣ ва илмӣ аз 420 сомонӣ ба 630 сомонӣ расонида мешавад.

Стипендияҳои умумии донишҷуёни муассисаҳои олӣ ва миёна касбӣ бошад, аз 55 сомонӣ ба 83 сомонӣ расонида мешавад.

Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи сину сол 30 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он мутаносибан ба 104 сомонӣ ва 520 сомонӣ дар як моҳ расонида мешавад. Дар айни ҳол, андозаи онҳо мутаносибан ба 80 сомонӣ ва 400 сомонӣ баробар аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мутобиқ ба зиёдшавии андозаи ҳадди ақали нафақа, кӯмакпулиҳо ва нафақаҳои иҷтимоӣ, ки аз рӯи ҳадди ақали нафақа ҳисоб карда мешаванд, низ зиёд мегарданд.

Дар баробари ин, ҳамаи нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардида, андозаи он аз 150 сомонӣ кам мебошанд ба 150 сомонӣ расонида мешавад.

Ҷиҳати амалӣ намудани Фармони мазкур дар чор моҳи соли ҷорӣ, яъне аз 1 сентябри соли 2012 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ 233 млн. сомонӣ, барои пардохти стипендияҳои давлатӣ 4,4 млн. сомонӣ ва барои пардохти ҳамаи намуди нафақа ва кӯмакпулиҳо зиёда аз 70 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ зарур мебошад, ки он аз ҳисоби маблағҳои барои ислоҳоти музди меҳнат, таъминоти нафақа дар буҷети соли 2012 пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод ва иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаву ташкилотҳои буҷетӣ таъмин карда мешавад.

Бо дарназардошти он, ки аз 1 январи соли 2013 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» мавриди амал қарор дода мешавад, дар қонуни мазкур меъёр барои ҳисоб намудани ҳама намуди нафақа – нафақаи заминавӣ муайян карда шудааст ва андозаи он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, дар банди 2 лоиҳаи Фармони мазкур омадааст, ки нафақаи заминавӣ аз 1 январи соли 2013 дар ҳаҷми 105 сомонӣ муқаррар карда мешавад. Яъне, минбаъд аз 1 январи соли 2013 сар карда, ба ҷои ҳадди ақали нафақа, нафақаи заминавӣ ҳамчун меъёр барои ҳисоб намудани ҳамаи намудҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо истифода бурда мешавад.

Барои саривақт дар амал татбиқ намудани Фармони мазкури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки пурра маблағгузорӣ намудани зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва стипендияро таъмин намуда, қарорҳои дахлдори худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...