Кишти такрории маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, айни замон дар майдони 77,1 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки 98%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар майдони 32 ҳазор гектар зироати ғалладона, дар 443 гектар – картошка, 6,7 ҳазор гектар – сабзавот, 2,2 ҳазор гектар зироати полезӣ, ҳудуди 1,7 ҳазор гектар – зироати техникӣ ва тақрибан дар 34 ҳазор гектар зирати хӯроки чорво такроран кишт шудааст.
Зикр гардид, ки дар вилояти Суғд дар майдони 45 ҳазор гектар, дар вилояти Суғд дар майдони беш аз 18 ҳазор гектар ва дар дар навоҳии тобеи марказ дар майдони ҳудуди 15 ҳазор гектар кишти такрорӣ ба итмом расидааст.