spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Даъвои ду судшавандаи хатлонӣ оид ба боздошти ғайриқонунӣ


Суди шаҳри Қӯрғонтеппа баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ду нафар сокинони вилояти Хатлонро, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор карда мешаванд, оғоз кард. Аммо гумонбаршудагон Тилохӯҷа Муслимов ва Санавбар Гулова мегӯянд, ки онҳоро ғайриқонунӣ боздошт намудаанд.

Ғулом Бобоев, адвокати Т.Муслмов, дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки зерҳимояи ӯ аз рӯзи аввали боздошт худро гунаҳкор намешуморад ва мутмаин аст, ки ин парванда сохтакорӣ шудааст.

Дар ин робита наздикони Муслимов ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муроҷиат кардаанд. Дар асоси шикояти модари боздоштшуда дар бораи боздошти ғайриқонунии писараш санҷиш доир гардида, дар яке аз нишастҳои хабарӣ сардори Раёсати Агентии мазкур дар вилояти Хатлон Ҷамшед Сангов гуфт, дар ҷараёни санҷиш чанде аз далелҳо тасдиқ гардида, қарор шуд, ки нисбат ба се нафар кормандони РВКД дар вилояти Хатлон парвандаҳои ҷиноӣ боз шавад.

«Қарори мазкур ҷиҳати омӯзиш ба прокуратураи вилояти Хатлон фиристода шуд, вале мо аз он ҷо то ҳанӯз ҳеҷ посухе нагирифтаем», – гуфт Сангов.

Қобили зикр аст, ки Муслимов дар асоси баёнотҳои гумонбаршудаи дигар Санавбар Гулова боздошт гардид. Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ Гулова изҳор кард, ки кормандони милиса ӯро ба додани баёнот алайҳи Муслимов маҷбур сохтаанд. Дар асоси шикояти ӯ низ оид ба боздошти ғайриқонунӣ Прокуратураи вилояти Хатлон санҷиш доир намуд, вале дар ҷараёни он далелҳои овардаи Гулова тасдиқ нашуданд.

Дар ҳамин ҳол, зимни конфронси матбуотӣ муовини раиси прокуратураи вилояти Хатлон Баҳодур Ҳомидов изҳор кард, ки тамоми маводи марбут ба шикояти модари Тилохӯҷа Муслимов аз Агентии зиддифасод дархост шудаанд, зеро тафтиши ин кор ба салоҳияти прокуратура дохил мешавад. «Тамоми ин мавод ба парвандаи ҷиноии Тилохӯҷа Муслимов замима шуда, ба суд фиристода мешаванд», – идова намуд прокурор.

Аммо адвокатҳо ошкор кардаанд, ки дар парвандаи ҷиноии Тилохӯҷа Муслимов ва Санавбар Гулова, ки ба прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа фиристода шудаанд, маводи шикояти модари Муслимов ва Санавбар Гулова мавҷуд нестанд.

Тилохӯҷа Муслимов ва Санавбар Гулова 14-уми апрели соли равон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии 1 кило маводи мухаддири афюн аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон боздошт шуда буданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...