spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Таъхири нашри дастури мавзӯи мавъизаҳои намози ҷумъа


Кумитаи умури дини назди ҳукумат то ҳанӯз дастури «52 мавъизаи намози рӯзи ҷумъа» барои имомхатибони масҷидҳои ҷомеъро ба нашр нарасонидааст.

Дар бораи нашри ин дастур раиси Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқов ҳанӯз аввали сол изҳори назар карда буд. Дар дастур 52 мавзӯи ҳатмӣ барои мавъизаҳои намози рӯзи ҷумъа дарҷ гардида, имомхатибони мутобиқи он мавъиза хоҳанд гуфт.

Тавре ба islamnews.tj муовини раиси Кумиаи умури дини ҷумҳурӣ Мавлон Мухторов хабар дод, айни замон дастур дар ҳоли таҳия буда, тамоми мавзӯъҳо  мавриди баррасиву омӯзиши комиссияи махсус аз ҳисоби рӯҳониёну олимон ва мансабдорон қарор доранд.

Коршиноси мустақили масоили дин Фаридун Ҳодизода мегӯяд, дастур чандин маротиба тағйир дода шуда, якчанд намунаҳои он пешниҳод шудаанд. «Дар ин масъала «рӯ овардан ба деморатия» ва ба инобат гирифтани ақидаи ҳамагон зарур нест, зеро имомхатибон беш аз 340 нафар буда, ҳар кадоме аз онҳо як пешниҳоди наве иброз медорад ва аз ин рӯ, ин ҷараён метавонад то ба бепоёнӣ идома ёбад», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Ф.Ҳодизода аз ташаббуси ҳукумат дар таҳияи дастур, ки дар он мавзӯъҳои мавъизаҳо мушаххасан дарҷ меёбанд, пуштибонӣ намуда, изҳор кард, ки дар мавъизаҳо имохатиб бояд бештар на дар бораи қоидаҳои шариат, балки дар бораи ахлоқу маънавиёт ҳарф бизанад, зеро дар дин чизи аз ҳама муҳим ахлоқу маънавиёт аст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...