Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори комиссияи қабул оид ба сохтмонро тасдиқ намуда, барои оғози фаъолияти ду ҳаммоми ҷамъиятӣ дар қаламрави пойтахт иҷозат дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, як ҳаммоми хусусӣ дар кӯчаи Ф.Муҳаммадиев (микрорайони 82-ум) воқеъ буда, барои қабули 50 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. «Ин ҳаммом бо харҷи ҳудуди 4 млн. сомонӣ аз ҷониби сокинони пойтахт А.Рауфӣ ва Д.Ҳусейнов бунёд гардид», – гуфт вай.
Ба қавли ӯ, ҳаммоми дигар дар кӯчаи Титов (мавзеи «фурудгоҳи кӯҳна») ҷойгир буда, барои бунёди он аз ҷониби соҳибкор С.Эмомов беш аз 4,5 млн. сомонӣ маблағ масраф гардидааст.
«Ғайр аз ин, бо қарори раиси пойтахт, барои таъмир ва эҳёи бинои бисёрошёнаи №5 дар кӯчаи Адҳамов зиёда аз 1,1 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид», – афзуд сухангӯи раиси пойтахт.