Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷасади духтари 18-сол Фарангис Файзалиева бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид, ки бо роҳи буғӣ кардан кушта шудааст.
Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйи ба гумон даст доштан дар ин ҷиноят сокини 19-солаи маҳаллӣ Остон Сабзаев боздошт шудааст, ки дар ҳамсоягӣ бо кушташуда иқомат мекунад. «Аллакай дар бозпурсии аввал О.Сабзаев ба содир намудани ҷиноят иқрор шуд», – гуфт манбаъ.
Ҳимоятгари гумонбар Хуршед Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» иқрори зерҳимояаш ба кушторро тасдиқ намуда, изҳор кард, ки тафтишоти пешакӣ танҳо чанде қабл шурӯъ шудааст ва аз ин рӯ, ӯ аз шарҳи қазияи мазкур алҳол худдорӣ меварзад.