spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Хатлон: Оғози мурофиаи судии гумонбаршудагон ба узвият дар ҲИӮ


Дар бинои додгоҳи ноҳияи Қумсангир аз ҷониби додгоҳи вилояти Хатлон баррасии парвандаи ҷиноии чаҳор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон оғоз гардид, ки ба узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) гумонбар дониста мешаванд.

Гумонбаршудагон сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Алишер Давлатови 24-сола, се нафар сокинони деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиён – донишҷӯ Нуриддин Исхонов, Зилмурод Ишхонов ва Шуҳрат Каримов мебошанд, ба содир намудани ҷиноятҳои ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, барангехтани низоми миллӣ, нажодӣ, маҳалагароӣ ва мазҳабӣ, убури ғайриқонунии марз, ташкили фаъоляити гурӯҳи ифротгаро ва хабар надодан дар бораи ҷиноят айбдор карда мешаванд.

Бино ба маълумоти мтафтишот, моҳи августи сои 2011 Алишер Давлатов бо мақсади узвият дар ҲИӮ ба Вазиристони Покистон раҳсипор шуда, дар урдугоҳҳои низомии он ҷо таълим мегирад. Моҳи апрели соли 2012 ӯ бо дастури мақомоти раҳбарии ҳаракат дар гузаргоҳои Панҷи Поён ғайриқонунӣ марзро убур намуда, ба Тоҷикистон меояд. Ӯ мебоист дискҳои DVD бо таблиғоти афкори ҲИӮ-ро миёни сокинони ноҳияи Қубодиён паҳн мекард.

Аммо Давлатов ба зудӣ ба дасти кормандони шуъбаи ВКД-и ноҳияи Қумсангир меафтад. Зимни боздошт аз Давлатов рӯйхати ном ва рақами телефонҳое, ки ӯ бояд дискҳоро ба онҳо медод, дарёфт шуданд. Дар ин рӯйхат ному насаби Нуриддин Исхонов ва Зилмурод Ишхонов дарҷ ёфта буданд.

Бар асоси баёноти Давлатов се нафар боздошт гардиданд, ки айни замон ҳамроҳи ӯ дар курсии айбдорӣ ҳузур доранд.

Дар ҷаласаи нахустини судӣ Алишер Давлатов худро қисман гунаҳкор эътироф намуд. Ба қавли адовкати ӯ Фахриддин Нуриддинов, зерҳимояи ӯ аз хадафҳои аслии ҲИӮ огоҳ гардида, аз Покистон аввал ба Афғонистон ва сипас ба Тоҷикистон фирор мекунад, вале ӯро кормандони милиса боздошт кардаанд.

Гумонбаршуда Нуриддин Исханов дар ҷаласаи судӣ изҳор кард, ки ӯ гунаҳкор нест ва баёноти қаблии ӯ таҳти фишори муфаттишон дода шудааст. «Ба мо рӯҳан фишор оварда, латукӯб ва ба имзои баёнот маҷбур карданд», – гуфт вай дар ҷаласа.

Зилмурод Ишхонов низ худро гунаҳкор нашуморида, изҳор кард, ки дар ҷараёни татфишоти пешакӣ нисбати ӯ аз шиканҷа истифода шудааст.

Ҳимоятгари се нафар сокинони деҳаи Қизил Нишон Ғулом Бобоев бар ин назар аст, ки зерҳимояҳои ӯ қисман гунаҳкоранд. Имрӯз мурофиаи судӣ ба кори худ идома медиҳад.

Шуҳрат Каримов ягона гумонбаршудае буд, ки ба гуноҳи худ иқрор гардид.

Қобили зикр аст, ки қаблан суди ноҳияи Қубодиён се нафар сокинони деҳаи Қизил Нишонро, ки ба узвият дар ҲИӮ айдор карда шуда буданд, ба муҳлати аз 8,5 то 10 соли зиндон маҳкум намуд. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...