Даҳаи сеюми моҳи сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари иҷлосияи 67-уми Маҷмаъи кулли СММ дар шаҳри Ню-Йорк суханронӣ хоҳад кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, маърӯзаи сарвари давлати Тоҷикистон дар Маҷмаъи кулли СММ рӯзи 26-уми сентябр дар назар аст.
Зимни боздид аз Ню-Йорк Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони баландпояи созмонҳои байнулмилалӣ ва сарварони чанде аз кишварҳо мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод. «Ҳамчунин вохӯрии президенти Тоҷикистон бо намояндагони доираҳои тиҷоратии ИМА пешбинӣ шудааст», – гуфт манбаъ.
Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, иҷлосияи 67-уми СММ санаи 18-уми сентябр расман ба кор шурӯъ мекунад. Музокироти умумии ҳамасола 25-уми сентябр оғоз ва то 1-уми октябр идома меёбанд. Дар онҳо сарони кишвару ҳукуматҳо, Вазоратҳои коҳои хориҷии давлатҳо ва намояндагони кишварҳои узви СММ маърӯза хоҳанд кард.