Раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ба ҳамаи варзишгарони тоҷик, ки дар олимпиада аз номи Тоҷикистон ширкат намуданд, ҷоиза ва ҳадяҳои хотиравӣ тақдим намояд.
Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, тибқи иттилои қаблӣ, ба дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева ҳизб манзили дуҳуҷрагӣ дар пойтахт тақдим мекунад.
«Ғайр аз ин, бо назардошти дастовардҳои гӯштингири маъруфи тоҷик Расул Боқиев дар мусобиқоти байнулмилалӣ ва саҳми назарраси падари варзишгар – марҳум Худойназар Боқиев дар рушди варзиши Тоҷикистон, ҲНИТ қарор кард, ки ба Расул Боқиев автомашинаи тамғаи «Toyota Camry» тақдим намояд.
Ба иттилои манбаъ, аъзои дигари дастаи олимпии Тоҷикистонро низ ҲНИТ бо туҳфаҳо қадрдонӣ хоҳад намуд, вале маҳз чӣ туҳфа будани он зикр нагардид.
Маросими супоридани ҷоизаҳо ва ҳадяҳо ба ҳамаи иштирокчиёни олимпиадаи «Лондон – 2012» рӯзи 24-уми август дар қароргоҳи ҲНИТ баргузор мегардад.