Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт якшанбеи ҳафтаи гузашта, рӯзи таҷлили иди саиди Рамазон се нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, садамаи аввал дар кӯчаи Котовскиии пойтахт рух дода, ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия» Зокир Сайфуллоеви 38-сола бародарон Искандар ва Алиҷон Ҳақназаровҳои 10-сола 7-сола ва ҳамчунин Садриддин Муҳаммади 9-соларо бо автомашинааш пахш кардааст. «Дар натиҷа ду нафар кӯдакон ба ҳалокат расида, ноболиғи 10-сола бо ҷароҳатҳои гуногун ба шифохона бистарӣ шуд», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз дар қаламрави шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи 24-солаи автомашинаи тамғаи «Daewoo Leganza» Н.А. кӯдаки 8-сола Маҳмуд Нарзуллоевро бо автомашинааш пахш кардааст, ки дар натиҷа ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта дар шифохона фавтидааст.