Субҳи рӯзи 19-уми август дар шаҳри Хуҷанд як корманди милисаро автомашина пахш намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, дар гузаргоҳи кӯчаҳои Ленин ва Бофанда корманди шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд Илёр Шукурови 24-сола ҳини ба кор рафтан зери чархи автомашина мондааст.
Ба иттилои манбаъ, пас аз ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса ронандаи автомашина аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, вале баъди чанде боздошт мешавад. «Ин автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ба сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд Сайдулло Раҳматуллоев тааллуқ доштааст», – гуфтанд дар раёсат.
Зикр гардид, ки бар асари ин ҳодиса корманди милиса ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи шаҳр бистарӣ гардидаааст ва айни замон табибон вазъи саломатии ӯро мӯътадил арзёбӣ менамоянд.
«Аз рӯйи ин далел маводи зарурӣ ҷамъоварӣ ва парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад», – афзуд манбаъ.