Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ ба баррасии далели латукӯби узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, сардабири ҳафтавори ҳизбии «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода оғоз кард. Номбурда зимистони соли гузашта дар Душанбе аз ҷониби афроди номаълум мавриди латукӯб қарор гирифта буд.
Дар робита ба ин масъала муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳаит дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки «айни замон ин парванда ба гунае баррасӣ мешавад, ки гӯё ин ҳодиса ба иллати муносибатҳои оилавӣ ба вуқӯъ пайвастаааст ва ШКД-и ноҳияи Панҷ хостори ҳарчи зудтар қатъ кардани ин парванда аст».
«Ҳанӯз баҳори гузашта Ҳ.Сайфуллозода ба мақомоти додситонии ноҳияи Синои пойтахт муроҷиат карда буд, вале бо гузашти моҳҳои зиёде дар тафтишоти қазия ҳеҷ пешравие ба мушоҳида нарасид. Аз ин рӯ, ахири соли гузашта роҳбарияти ҳизб ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намуд, вале ба мактуб аз онҷо посухи расмӣ надоданд. Танҳо прокурори генералӣ шифоҳӣ ба мо ваъда дод, ки тафтишоти ин қазияро таҳти назорати шахсии худ қарор медиҳад. Аммо кунун ба мо маълум шуд, ки бо супориши ВКД ба баррасии ин масъала ШКД-и ноҳияи Панҷ машғул будааст», – зикр кард М.Ҳаит.
Муовини раиси ҲНИТ аз он изҳори тааҷҷуб мекунад, ки Ҳ.Сайфуллозода дар шаҳри Душанбе мавриди латукӯб қарор гирифтаву вале парвандаи ҷиноӣ дар ноҳияи Панҷ баррасӣ мешавад. «Ба мо ҳам маълум нест, ки чаро кор ин тавр сурат гирифт. Тибқи ваъда ин парванда бояд таҳти назорати шахсии прокурори генералӣ қарор дода мешуд, вале имрӯз он дар ШКД-и ноҳияи Панҷ баррасӣ шуда, муфаттиш Саидалии Маҳмадалӣ ба тафтиши он машғул аст», – мегӯяд Маҳмадалии Ҳаит.
Ба эътиқоди М.Ҳаит, сардабири ҳафтавори «Наҷот» Ҳ.Сайфуллозода ба иллати фаъолияти касбиаш латукӯб шудааст. «Ба муносибатҳои оилавӣ рабт додани ин қазия аз ҷониби ШКД-и ноҳияи Панҷ ҳеҷ маъное надорад. Ин ба муносибатҳои оилавӣ дахле надошта, қазияи соф сиёсӣ аст, ки бевосита ба фаъолияти касбии ӯ марбут аст», – афзуд ҳамсуҳбат.