Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ аз 25-уми август то 3-юми сентябр дар шаҳри Душанбе амалиёти махсуси «Кӯдакон»-ро доир менамояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Шуъбаи БДА РКД-и пойтахт подполковник Шерафган Латифов хабар дод, амалиёт дар робита ба оғози соли хониш дар макотиби таҳсилоти умумӣ гузаронида мешавад.
«Дар доираи амалиёт кормандони БДА то 1-уми сентябр кӯчаву гузаргоҳҳои назди мактабҳоро аз назар гузаронида, дар сурати зарурат дар онҳо аломатҳои махсуси иловагӣ насб мекунанд», – гуфт вай.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 1-уми сентябр кормандони БДА бо толибилмон дар мактабҳо мулоқот ороста, ба онҳо қоидаҳои асосии бехтарии ҳаракат дар роҳро шарҳ медиҳанд.
Бино ба маълумоти ШБДА РКД-и пойтахт, аз оғози соли равон дар роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе 58 ҳодисаи садамаи нақлиёт бо ҳузури ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 8 нафар кӯдакон ҳалок ва 56 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.