Дар зарфи 12 моҳи ахир сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 4,5%-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи гузашта нархҳои истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 0,4% боло рафтанд. Аз ҷумла, нархи маҳсулоти ғизоӣ 0,5%, маҳсулоти ғайриғизоӣ ва тарофаҳои хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 13% афзуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи январ-июли соли ҷорӣ сатҳи таваррум 2,9 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби болоравии хизматрасонии пулакӣ 13 фоиз ва ғайриозуқа 4,1 фоиз ба амал омад.
Дар моҳи июл сатҳи таваррум ба 0,4 фоиз ва дар давоми 12 моҳи охир бошад, он ба 4,5 фоиз баробар шуд.