23-24 августи соли 2012 дар толори меҳмонхонаи «Меркурий» давраи омӯзишии амалӣ барои рӯзноманигорон таҳти унвони «Инъикоси масоили пешгирию назорати бемории сил ва шаклҳои гуногуни он дар ВАО» баргузор мешавад. Дар он 15 корманди садою симо, хабаргузорӣ ва нашрияҳои даврии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ ширкат меварзанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамоҳангсоз оид ба сафарбаркунии иҷтимоии Лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон Сурайё Одинаева иттилоъ дод, мақсади баргузории тренинг ба рӯзноманигорон омӯзонидани инъикоси касбии масоили шаклҳои мутобиқгаштаи сил дар ВАО мебошад. Зимнан такмили малакаи журналистон дар таҳияи маводи чопию онлайнӣ, радиоӣ ва телевизионӣ оид ба ин мавзӯъ ва баррасии ҷанбаҳои ҳуқуқию ахлоқии бозтоби он дар ВАО, инчунин густариши ҳамкории рӯзноманигорон бо Вазорати тандурустии ҶТ, Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил ва созмонҳои байнулмилалие, ки дар ин бахш кор мекунанд, барномарезӣ шудааст.
«Ҳамзамон иштирокдорон ва коршиносони давраи омӯзишӣ роҷеъ ба ҷанбаҳои тиббии шаклҳои мутобиқгаштаи сил ва роҳҳои муолиҷаи он, пешгирии паҳншавии бемории сил дар маҳбасҳои Тоҷикистон ва миёни муҳоҷирони меҳнатию кӯдакон, зарурати таъмини соҳаи тандурустии кишвар бо мутахассисони силшинос ва дигар масоили мубрам табодули назар мекунанд. Ба ҷуз ин, рӯзноманигорон бо табобатгирандагон ва шифоёфтагони шакли мутобиқгаштаи сил мусоҳиба меороянд», – иброз дошт Одинаева.
Тренерони ин чорабинии омӯзишию амалӣ сарвари Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» Сафо Сафаров ва сардори Маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ Фотима Ғоибова мебошанд.
Ба гуфтаи сарчашма, дар рӯзи дуввуми тренинг баргузории нишасти хабарӣ бо иштироки Муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов, Менеҷери Барномаи зиддисилии Лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон Тимур Аптекар, Сарвари Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил Октам Бобохоҷаев, Сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сили «Шифо» Саидаҳтам Рустамов ва дигар масъулини мақомоти давлатию созмонҳои байнулмилалӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар ҷамъбаст иштирокдорони давраи омӯзишии амалӣ дар заминаи иттилооти аснои тренинг ва нишасти хабарӣ гирдовардаашон матолиби чопию онлайнӣ, радиоӣ ва телевизионӣ таҳия карда, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ҷиҳати омодасозии маводи ҳирфаӣ онҳо бо дастгоҳҳои навор-, садо- ва аксбардорӣ, компютеру ноутбук, барномаҳои касбии танзим ва Интернети бесим таъмин мегарданд.
Тренинги мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустии ҶТ ва Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» бо дастгирии Лоиҳаи ҲОУП ва Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, сил ва табларза созмон дода мешавад. Мусоидати фаннии давраи омӯзиширо гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» таъмин мекунад.