Зимни вохӯрии «Бидуни миёнаравон»-и раиси пойтахт бо сокинон Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки мардуми Тоҷикистон худро на мутааллиқи кадоме аз минтақаҳо, балки бояд тоҷикистонӣ шуморанд.
«Хоҳишмандам, ки дар суханрониву ибрози андеша нисбат ба рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ эҳтиёткор бошед, – гуфт М.Убайдуллоев дар посух ба дархости рӯзноманигор оид ба шарҳи қазияи Хоруғ. – Имрӯз мисли президент каси дигаре нест, ки то ин қадр ба мардуми худ ғамхор бошад. Дар Хоруғ ҷараёни таъмини волоияти қонун идома дорад ва ҳамаи амалҳо мутобиқи қонунгузорӣ сурат мегиранд».
Дар идома раиси пойтахт афзуд, «мо бояд ба ҳамаи тоҷикистониён як хел муносибат намуда, ба маҳалгароӣ бояд хотима бахшем».