Имрӯз зимни гуфтушуниди ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Туркманистон дар Ашқобод як бастаи созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ санадҳои зерини нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд:
– Созишномаи ҳамкорӣ миёни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Туркманистон;
– Созишнома миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Туркманистон дар бораи ҳамгироӣ дар мубориза бо қонунигардонӣ ва расмикунонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм бадастомада;
– Созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Турманистон;
– Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2013-2014;
– Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон барои солҳои 2013-2014;
– Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои ҷойгир намудани сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон ва сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон;
Маросими имзои санадҳо бо имзои Баёнияи муштараки Тоҷикистону Туркманистон аз ҷониби сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба поён расид.
Зимни изҳороти матбуотӣ сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон бояд мавриди баҳрабардории ҳамаҷониба ва судманд қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар фазои тантанавӣ бо мукофоти олии давлатӣ – ордени Президенти Туркманистон Битараплик (Бетарафӣ) сарфароз гардонда шуд.
Тавре зикр гардид, саҳми шоистаи шахсии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими амнияту суботи минтақавӣ, рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи судбахши миёни Тоҷикистону Туркманистон ва дастгирии мавқеи бетарафии ин кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ бо ин мукофоти олии давлатӣ қадрдонӣ мегардад.
Хотиррасон гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон чорумин шахсият аст, к ибо ин мукофоти олии давлатӣ сарфароз мегардад.
То ин вақт бо ин мукофот Президенти нахустини Туркманистон Сапармурод Ниёзов, Президенти кунунии ин давлат Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва собиқ раиси Парлумони Туркманистон Овезгелди Атаев мушарраф гардидаанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои чунин қадрдонии баланд арзи сипос карда, онро мукофоти арзандаи кулли мардуми Тоҷикистон номид.