spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Суғд: Осеби 7 нафар роҳгузарон аз садамаи нақлиёт


Бар асари садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 7 нафар осеб диданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА ВКД ҶТ хабар доданд, садама рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон дар роҳи мшингарди Хуҷанд-Ғафуров ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Фарҳод Расулови 33-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, 7 нафар роҳгузаронро бо автомашина пахш мекунад, ки миёни онҳо 2 нафар кӯдакон низ будаанд.

«Бар асари садама ҳамаи осебдидагон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд, вале баъдтар яке аз осебдидагон – Дилрабо Мақсудоваи 47-сола ҳалок шудааст», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ба сурати умум 8 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он 6 нафар ҳалок ва 9 тан ҷароҳат бардоштаанд.

Переводы:

Похожие материалы

spot_imgspot_img

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Новости компаний

Новости компаний

Новости компаний

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ПОСЛЕДНИЕ НОВОСТИ

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...