Ғаллакорони гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бори нахуст ба ҷамъоварии беш аз 210 ҳазор тонна ҳосили гандум муваффақ гардиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарагрономи Раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Раҷабалӣ Қулабеков хабар дод, соли равон ҳатто ба ҷамъоварии ҳосили рекордии 250 ҳазор тонна гандум имконият мавҷуд аст.
Сарагроном мегӯяд, ҳоло гандуми аз 3 ҳазор гектар ғуншударо мебояд кӯфт ва дар 2,4 ҳазор гектар заминҳои ноҳияҳои кӯҳӣ то ҳанӯз гандум дарав нашудааст.
«Шароити иқлими ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод, Ховалинг ва Балҷувон нисбат ба 6 ноҳияи дигари минтақа сардтар буда, дар онҳо мавсими кишту дарав каме дертар оғоз мегардад», – гуфт ӯ.
Номбурда бар ин назар аст, ки дар ҳоле ки соли равон ҳосилнокии гандум 24,3 сентнер аз як гектар пешбинӣ шуда буд, имсол аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 27 сентнер ҳосили гандум ба даст оварда шуд, ки асоси серҳосилии гандум мебошад. Дар ҳамин ҳол, дар майдони холишуда аз гандум хоҷагиҳои деҳқонӣ дигар зироатҳоро такрорӣ кишт намуданд.