Ба туфайли маблағгузории иловагӣ ба лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди зербинои маҳаллии Тоҷикистон, беш аз 200 ҳазор нафар аҳолии вилояти Хатлон ба оби тозаи ошомиданӣ ва хизматгузории босифати коммуналӣ дастрасӣ меёбанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намондагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ хабар доданд, чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив доир ба маблағгузории иловагӣ ба лоиҳа дар ҳаҷми 12 млн. $ созишнома ба имзо расониданд.
Ба иттилои манбаъ, вооситаҳои бурсӣ ба афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ ба бахши таъминоти об, обу корез ва идоракунии партовҳои дурушти маишӣ равона гардида, ба масъалаи таҳкими имконоти заминавӣ барои таъмини беҳбуди сифати некӯаҳволии аҳолӣ дар давраи дарозмуҳлат таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. Ҳудуди 2 млн. $ ба ҳукумат барои ҷуброни хароҷоти бартараф кардани оқибатҳои мавсими обхезӣ дар вилояти Хатлон пешниҳод мегардад.