Хурӯҷи нерӯҳои низомии ҳукумат аз қаламрави шаҳри Хоруғ мутобиқи нақшаи таҳияшуда аз ҷониби мақомоти қудратии ҷумҳурӣ сурат мегирад. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ВМКБ Қодири Қосим хабар дод.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳор кард, ки имрӯз аллакай марҳилаи аввали хурӯҷи нерӯҳо аз Хоруғ шурӯъ шуд.
«Айни замон вазъ дар шаҳр ором буда, корхонаҳои давлатӣ, муассисаҳои тиббиву савдо ва маишӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ супурдани имтиҳоноти қабул идома дорад», – гуфт ӯ.
Қ.Қосим аз ифшои санаи дақиқи комилан хориҷ шудани нерӯҳои низомии ҳукумат аз қаламрави шаҳри Хоруғ худдорӣ варзида, таъкид намуд, ки «ҳаммаш ба вазъу рӯйдодҳои минбаъда вобаста аст».
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти АМИТ «Ховар» бо истинод ба сардори дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии ВМКБ подполковник Мизроб Доробов, шоми рӯзи панҷшанбе тамоми ҳарбиёне, ки дар дидбонгоҳҳои муштарак мустақар буданд, қариб 250 нафар дар 9 мошин шаҳри Хоруғро тарк карда, ба қисмҳои ҳарбии хеш баргаштаанд.