Лайла Эндрюс Башан, мутахассис оид ба барономаҳои умумии рушди Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар маросими кушодашавии мағозаи маводҳои кишоварзӣ (ММК) дар посёлкаи Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд ширкат варзид.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, мағозаи мазкур бо мақсади таъмин намудани деҳқонони минтақавӣ бо маводҳои сертификатсияшуда, ба монанди нуриҳои минералӣ, пестисидҳо ва тухмиҳо ва пешниҳод намудани таҷҳизоти кишоварзии баландсифат аз ҷумлаи асбобу анҷом ва техникаи хурди тракторӣ тавассути барнома оид ба беҳдошти сулҳу субот дар Тоҷикистон (ББСТ) ифтитоҳ гардид. Илова бар ин, ММК хизматрасонии васеъро бо истифодаи таҷрибаи хуби соҳаи кишоварзӣ ба мизоҷон пешниҳод мекунад.
Ҳадафи асосии Барнома оид ба беҳдошти сулҳу субот дар Тоҷикистон – таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ намудани роҳҳои беҳтарини идоракунӣ ва ҷалби гурӯҳҳои ноҳияҳои дурдаст ё «зери хатар қарор гирифта » ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ. Барнома дар якҷоягӣ бо аҳолӣ дар 63 ҷамоатҳои деҳоти вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара ва қисмати ҷанубии вилояти Хатлон бо мақсади ҳалли мушкилоти онҳо фаъолият мекунад.
ББСТ, яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасони мардуми Амрико мебошад, ки тавассути USAID дастгирӣ ёфтааст. Аз соли 1992 то ин ҷониб, Сафорати ИМА дар Душанбе барои амалӣ гардонидани барномаҳое, ки институтҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиётро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд зиёда аз 984 миллион доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.