Иртиботи телефонӣ бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ барқарор гардид ва акнун ҳам тавассути телефони хонагӣ ва ҳам телефони ҳамроҳ метавон ба онҷо дар алоқа шуд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 24-уми июл бо оғози амалиёти махсуси нерӯҳои қудратии ҳукумат алоқа бо шаҳри Хоруғ комилан қатъ шуда буд. Каме баъдтар иртибот тавассути телефони хонагӣ имконпазир гардида буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, рӯзи шанбе, 25-уми август воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ ба хурӯҷи нерӯҳои худ аз ВМКБ оғоз намуданд. «Айни замон дар Хоруғ танҳо воҳидҳои низомии Вазорати корҳои дохилӣ боқӣ монданд», – гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки феълан вазъ дар шаҳри Хоруғ ором буда, муассисаҳои давлатӣ ва бозору мағозаҳо ба фаъолият пардохтаанд. Ба иттилои манбаъ, яке аз гумонбарони қатли генерал Назаров – қумондон Толиб Айёмбеков айни замон таҳти баёноти тарк накардани маҳалли сукунат дар шаҳри Хоруғ қарор дорад.