spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

М.Кабирӣ мавқеаш нисбати рӯйдодҳои Хоруғро ба сафирони аврупоӣ баён кард


Охири ҳафтаи гузашта бо ташаббуси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо сафирон ва намояндагони сафоратҳои Аврупо дар кишварамон баргузор гашт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, сафирони аврупоӣ ҳадаф аз ин вохӯриро шиносоии бештар ба вазъи минтақа ва кишвар, бахусус, дар пасманзари ҳодисаҳои Бадахшон унвон карданд. Инчунин, огоҳӣ аз мавқеъи ҲНИТ ва ба роҳбарияти он расонидани мавқеъи кишварҳои аврупоӣ аз ҳадафҳои аслии ин дидор гуфта шуд.

Роҳбари ҲНИТ вазъи кишвар, ба хусус, Бадахшонро душвор, вале рӯ ба эътидол номида, изҳор кард, ки ворид намудани нирӯи зиёд ва он ҳам артиш, печидагиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиро ба миён овард ва боиси ташаннуҷи бештари вазъ гашт.

М.Кабирӣ гуфт, ҲНИТ ҷонибдори волоияти қонун дар саросари кишвар мебошад, «вале волоияти қонунро мебояд танҳо бо василаҳои қонунӣ ва мантиқӣ таъмин кард, амалҳои берун аз чорчуби қонун натиҷаҳои баръакс хоҳад дод».

«Нерӯ танҳо он вақт бояд истифода шавад, ки василаҳои дигар, мисли муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ натиҷа надода бошанд. Дар он сурат ҳам, истифодаи нерӯ бояд мутавозин бо қазия бошад, на бештар аз он», – муътақид аст раиси ҲНИТ.

Ба андешаи ӯ, камбуди шафофият дар тасмимҳо ва раванди ҳодисаҳо боиси зери суол рафтани дурустии амалҳо гашта, боиси дар ҷомеа пайдо шудани сарусадоҳо ва овозаҳо гуногун гардидааст».

«Ба таври ваҳшиёна куштани раиси шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар Бадахшон, Сабзалӣ Мамадризоев моро хеле нигарон кардааст ва мо интизори натиҷаҳои тафтишот дар қазияи куштори Мамадризоев хоҳем монд», – афзуд М. Кабирӣ.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...