Бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба хотири дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ омода ва доир намудани мушакпарронии (фейерверки) идона бахшида ба таҷлили 21-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон комиссияи тендерӣ таъсис дода шуд.
Тавре аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, мутобиқи ин қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, хадамоти дахлдори мақомоти шаҳрдории пойтахт бо риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода ва ба комиссияи тендерӣ пешниҳод мекунад.
«Дар тендер танҳо ширкату корхонаҳое иштирок карда метавонанд, ки барои баргузор намудани ин маросим иҷозатномаи дахлдор дошта бошанд», – афзуд манбаъ.