Дар шаҳри Шанхайи Чин намояндагони Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар кори конфронси байнулмилалӣ оид ба масоили назорати раванди муҳоҷират ширкат варзиданд.
Тавре аз хадамоти иттилоотиву таҳлилии Раёсати хадамоти муҳоҷират дар Душанбе ва навоҳии тобеи марказ хабар доданд, дар кори конфронс робарони мақомоти муҳоҷирати беш аз 30 кишвари ҷаҳон ҳузур доштаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар конфронс масоили назорати раванди муҳоҷират, муносибатҳои глобалии муҳоҷират, бунёди муҳити мусоиди назорати он ва мусоидат ба рушди ҳамкориҳои дӯстона дар ин самт баррасӣ шуда, оид ба масоили муҳим ва рӯзмарраи муҳоҷират ва таҷрибаи андӯхта дар ин самт табодули назар сурат гирифтааст.
«Ба масъалаи омӯзиши таҷрибаи Чин дар ин самт, ки хадамоти муҳоҷираташ аз имтиёзу салоҳиятҳо бархӯрдор аст, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир шуда, намояндагони Чин ҷиҳати таъсиси форуми байнулмилалӣ оид ба масоили назорати марзӣ ташаббус нишон доданд», – гуфт манбаъ.
Дар доираи чорабиниҳои конфронс ҳайати Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони байнулмилалии муҳоҷират Уилям Лейси Свинг, намояндагони хадамоти муҳоҷирати Олмон, Канада, Қирғизистон, Нидерланд, ИМА, Ӯзбекистон, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ дидору гуфтушунид анҷом дод.