Имрӯз дар Душанбе маросими ифтитоҳи бинои нави ширкати алоқаи мобилии «Tcell» – «Tcell Plaza» доир мегардад. Дар ин маросим аз иштироки раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ва президенти ширкати «TeliaSonera» Ларс Нюрберг интизорӣ меравад.
Бинои нави 12-ошёнаи ширкат дар хиёбони Рӯдакӣ, маркази шаҳр қомат афрохтаааст. Сохтмони бинои мазкур наздики 2,5 сол идома ёфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти «Tcell» хабар доданд, бино аз идораҳои корӣ ва марказҳои пешниҳоди хизматгузорӣ иборат аст. Департаментҳои ширкат, ки қаблан дар идораҳои гуногун дар маркази шаҳр мустақар буданд, акнун дар бинои ягона мутамарказ мешаванд ва ин иқдом ба беҳбуди сифати кори ширкат мусоидат хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки холдинги «TeliaSonera» ва Бунёди Оғо Хон муассисони ин ширкат мебошанд. «TeliaSonera» дар кишварҳои скандинавӣ, назди Балтика, Испания ва бозорҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи минтақаи Авруосиё бо шумули Русияву Туркия хизматгузориҳои телекоммуникатсиониро ба роҳ мондааст. Дар бозорҳои Авруосиё «TeliaSonera» дорои бастаҳои саҳмияҳои ширкатҳои муваффақи алоқаи мобилӣ дар Қазоқистон (Kcell), Озарбойҷон (Azercell), Гурҷистон (Geocell), Молдова (Moldcell), Тоҷикистон (Tcell), Ӯзбекистон (Ucell) ва Непал (Ncell) мебошад.