spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Даҳаи дуюми сентябр президент ба Хоруғ меравад


Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев дар маҷлиси мақомоти шаҳрдории Хоруғ хабар дод, ки даҳаи дуюми сентябр сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Хоруғ боздид мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» чанде аз иштирокдорони маҷлиси мазкур хабар доданд, раиси ВМКБ Қодири Қосим изҳор кардааст, ки дар ин робита мебояд ҷашни истиқлолро ба таври бояду шояд таҷлил намуд ва агар дар минтақа амният таъмин гардад, сафари президент баргузор хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар маҷлис зикр гардидааст, ки вазъ дар шаҳр ба субот омада, ҳеҷ сабабе барои нигаронӣ мавҷуд нест. Ба ҳар ҳол, яке аз узви гурӯҳи 20-нафара зимни суханронӣ дар маҷлис зикр кардааст, ки суботи вазъ ба сохторҳои қудратӣ вобаста аст, вале ӯ ба онҳо бовар надорад, «зеро онҳо чандин маротиба ба қарордоди оташбас риоя накарда, ба ваъдаашон вафо накардаанд».

Бо вуҷуди ин, назари умумӣ чунин будааст, ки сафари президент ба комилан ҳал гардидани масъалаи таъмини амният дар Бадахшон нуқта хоҳад гузошт.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл миёни нерӯҳои қудратӣ, гурӯҳи миёнарави 20-нафара, вакилони шӯрои шаҳрии Хоруғ, намояндагони дин ва фаъолони шаҳр дар бораи марҳила ба марҳила хориҷ шудани нерӯҳои сохторҳои қудратӣ созишнома ба имзо расид.

Мутобиқи яке аз бандҳои созишнома, тамоми иштирокчиёни гирдиҳамоии ғайриқонунии ахир ба нишони эътироз аз куштори Имомназар Имомназаров аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.

Мувофиқи санади дигар, пешбинӣ мегардад, ки агар баъди хатми гирдиҳамоӣ нерӯҳои ҳукуматӣ уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашонро ба иҷро нарасонанду қарордоди оташбас риоя нагардад, сокинон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки тавассути телевизиони маҳаллӣ мардумро ба гирдиҳамоӣ даъват кунанд ва ин гирдиҳамоӣ аллакай қонунӣ шуморида хоҳад шуд. Дар зери ин санад ҳамчунин имзои раиси шаҳри Хоруғ Иброимбек Ғозибеков низ мавҷуд аст, ки ба додани иҷозатномаи гирдиҳамоӣ салоҳият дорад.

Дар робита ба масъалаи хурӯҷи нерӯҳои ҳукуматӣ аз минтақа сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ Тоҷиддин Назришоев ба рӯзноманигорон гуфтааст, ҳамрӯза аз Хоруғ тавассути автомашинаву чархболҳо низомиён ба макони будубоши доимиашон интиқол дода мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои манбаъҳои ОИ «Азия-Плюс» аз Рӯшон, дар муддати тамоми ин давра қаламрави ин ноҳияро ҳамагӣ се автомашинаи КАМАЗ бо ҳудуди 30 нафарӣ низомиён убур кардаанд.

Намояндагони мақомоти қудратӣ ин иттилоъро рад карда, мегӯянд, ки интиқоли низомиён идома дорад, вале бидуни ҳамроҳии намояндагони ситод.

Сардори РКД-и вилоят ба рӯзноманигорон хабар дод, ки 150 нафар низомиён аз ҳисоби гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Рашту Кӯлоб ва Душанбе дар минтақа то ба пурра ба субот омадани вазъ дар шаҳр боқӣ мемонанд ва масъалаи ба таври доимӣ боқӣ мондани онҳо зимни сафари президент ба минтақа ҳал мешавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...