Маблағи пулии хайрия дар ҳаҷми 130 ҳазор сомонӣ, ки дар намози иди Рамазон дар 157 масҷиди 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб ҷамъоварӣ шуд, ба қишри камбизоати аҳолии минтақа тақсим гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, бо пешниҳоди комиссияҳои махсуси назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ин маблағ ба 2005 оилаи ниёзманд ба кӯмак дастрас карда шуд.
Ш.Абдулҳамидов мегӯяд, рӯзи ид маблағи аз ҳама бештар дар масҷидҳои ноҳияҳои Темурмалик ва Ҳамадонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки мутаносибан 136 ва 101 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.
«Имомхатибони 12 масҷиди шаҳру ноҳияи Кӯлоб ҳарчанд аз намозгузории 25 ҳазор ибодаткунандагон дар ин рӯз хабар дода бошанд ҳам, дар ин масҷидҳо ҳамагӣ 9 ҳазору 780 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст», – афзуд номбурда.