Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Зокир Вазиров дар ҳолати вазнин ба бемористони марказии клиникии Боку оварда шуд. Дар ин бора Агентии иттилоотии АПА-и Озарбойҷон хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти расонаи хабарӣ, табибон вазъи солимии Зокир Вазировро, ки инсулт (сактаи майна)-ро аз сар гузаронид, вазнин арзёбӣ мекунанд. Айни замон иҷрои вазифаҳои сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ба зиммаи мушовири сафорат Зоҳир Саидов вогузор шудааст.
Аз бемористони марказии клиникии Боку ба Агентии АПА иттилоъ додаанд, ки сафир дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. «Айни замон нафаскашии ӯ душвор буда, бемор баъди муътадил гардидани вазъ ба палатаи муқаррарӣ гузаронида мешавад», – гуфтааст манбаъ ба АПА.
Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин иттилоъро алҳол тасдиқ накарданд.
Зокир Вазиров бо фармони президенти Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2008 сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон таъин шуд. То ин дам ба ҳайси ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати ҶТ (аз моҳи декабри соли 2006), вазири меҳнат ва ҳифзи аҳолии ҶТ (аз моҳи феврали соли соли 2005) ифои вазифа намуда, аз соли 1998 то соли 2005 мутобиқи квотаи 30 дарсадаи ҷудошуда ба Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, ба сифати муовини нахуствазири ҳукумати Тоҷикистон фаъолият дошт.